эй зулфат аз каманди тмноблнд тар
Мижгони зи зулфу зулфи зи болои баландтар
Ҳар чанд умр ришта шавад кӯтаҳ аз гиреҳ
Зулф ту шуд зи уқдаи дилҳо баландтар
Аз сари ҳавои ишқ ба саъй сафар нарафт
Ин шуъла шуд зи домани саҳрои баландтар
Ҳаргизи гулӣ ба сар наздам аз риёзи васл
Пайваста буд дасти ман аз пои баландтар
Дар тангнои қатраи басар чун барад касе ?
Бо машрабии зи гардани минои баландтар
Ҳар чанд норасои толеъ фузун шавад
Гардад забони арзи таманнои баландтар
Пӯшидааст Юсуфи мо аз фиреби ноз
Пероҳании зи дасти Зулайхои баландтар
Шуд доми зери хоки зи гирду ғубори хат
Зулфӣ ки буд аз шаби ялдои баландтар
То чанд хокмоли асирони диҳӣ , бас аст
Хатат шуд аз ғубори дили мо баландтар
Соиби шикаст агар чаҳ буд серумаи садо
Шуд аз шикасти дили сухани мо баландтар