Аз раҳи Марв ба ҷилваи нопойдори умр
Каз муваҷҷаҳи сароб буд пуду тори умр
Фурсат намедиҳад ки башуем зи дидаи хоб
Аз бас ки тунд мегузарад ҷӯйбори умр
Барг сафар бисоз ки бо дасти раъшаи дор
Натавон гирифт домани боди баҳори умр
Камтар буд зи суҳбати барқу гиёҳи хушк
Дар ҷисми зори ҷилваи нопойдори умр
Бар чеҳраи ман ончӣ сифедӣ кунад на мӯаст
Гардӣаст мондаи бррхм аз раҳгузори умр
Обӣ ки монад дртаҳи ҷӯ сабз ме шавад
Чун Хизр зинҳор макун ихтиёри умр
Занг надоматӣаст ки рӯзам сиёҳ азуаст
Дар дасти ман зи нуқраи комили айёри умр
Даст аз самар бишӯй ки ҳаргиз наруста аст
Ҷузи оҳи сард , сунбулӣ аз ҷӯйбори умр
Фаҳмида харҷ кун нафаси худ ки баста аст
Дар риштаи нафаси гуҳари обдори умр
Мушкил ки сар баровард аз хоки рӯзи ҳашар
Онро ки кард бе самарии шармсори умр
Заҳрӣаст заҳри марг ки ширин наме шавад
Ҳарчанд талх мегузарад рӯзгори умр
Рӯз муборакӣаст ки бо ишқ бӯда ам
Рӯзи гузаштае ки буд дар шумори умр
Ашг надоматӣаст чу борони навбаҳор
Чизе ки мондааст ба ман аз баҳори умр
То чанд бар саҳифаи айём чун қалам
Соиб ба гуфтугӯи гузаронеи мадори умр