Чисон гардад тиҳӣ аз ақди гавҳари синаи дарё ?
Ки ҳар мавҷи хатар қуфлӣаст бар ганҷинаи дарё
Надорад тарбияти таъсир дар дилҳои зулмоне
Ки анбарро насозад пухтаи ҷӯши синаи дарё
Тапидани гавҳарамро қатра симоб ме созад
Чу май уфтам ба фикри суҳбати деринаи дарё
Ба васли гавҳари шҳўор осон нест пайвастан
Ки ҳар гирдоб бошад меҳр бар ганҷинаи дарё
Дили пари хӯни маро озод кард аз қайди худбинӣ
Ки шавед аксро аз чеҳраҳо ойӣнаи дарё
Миндиш аз ғубори маъсият бо раҳмати яздон
Ки гардад софи силӣ аз сина бе кӣнаи дарё