Ҳарчанд ҷҳонсўз буд ҷилваи дилдор
Ин шуълаи ду болошўд аз ҷомаи гулнор
Дрҷомаҳи гулгун , камари нозуки он шӯх
Аз лаъл буд ҳамчуи раги лаъли намӯдор
Чун об ки аз пардаи ёқӯти намояд
Пайдост тани нозукаш аз ҷомаи гулнор
Дрҷомаҳи оли он рухсори ърқнок
Дар арсаи гулзор буд соғари саршор
Меҳрӣаст ки аз кӯҳи Бадахшон шудаи толеъ
Дар ҷомаи лаълии рухи нӯронии дилдор
Дрҷомаҳи гулгуни з май афрӯхтаи ориз
Боин ду се оташ чаҳ кунад ташнаи дидор ?
Хўнризтр аз теғ буд мавҷи хиромаш
Ҷон чун ба канор ояд азин қулзуми хунхор ?
Фарёд ки бепарда шуд аз ҷомаи гулранг
Хӯн хӯрдани пинҳонии он ғамзаи хунхор
Пӯшидан хӯн нест ба найранги муяссар
Ин бахя маҳол аст биафтад ба рухи кор
Аз хиҷлати он чеҳраи гул овора шуд аз боғ
Саҳласт агар лола наад пой ба кҳсор
Афзӯда шуд асбоби ҷгрхўории соиб
Зон пайкари симин ба таҳи ҷомаи гулнор