Ҳеҷ ҷо аз хушӣ осор намондааст имрӯз

Хайр дар хона хумор намондааст имрӯз

Пардаи хоб гирифтааст ҷаҳонро чун абр

Асарӣ аз дил бедор намондааст имрӯз

Нест як чеҳра шабнам зада дар соҳати боғ

Шарм дар дида гулзор намондааст имрӯз

Дили ғамгин ба чаҳ умед шавад гӯша нишин ?

Файз дар кунҷи лаб ёр намондааст имрӯз

Нест дар зулфи длорои санами кӯтоҳӣ

Камарии лоиқ зуннор намондааст имрӯз

Чаҳ хаёласт ки дар савмиъа ҳобтўон ёфт

Дар харобот чу ҳушёр намондааст имрӯз

Садафи он ба ки бисозад ба ҷигари сӯхтагӣ

Ҷӯад дар абри гуҳар бор намондааст имрӯз

Пер канъон накушуд сар ба гиребон , чаҳ кунад ?

Юсуфӣ бар сар бозор намондааст имрӯз

Чаҳ таваққуъи зи лаби хушки садаф бояд дошт ?

Об дар гавҳар шҳўор намондааст имрӯз

Ҳамдамӣ каз сар ашФоқ бигирад як бор

Хабарии зини дили бемор , намондааст имрӯз

Сбҳаҳро кист ки хок мазаллат гирад ?

Ҳурмати ришта зуннор намондааст имрӯз

Ғайри соиб ки дамӣ мезанад аз сӯзи ҷигар

Асар аз гармӣ гуфтор намондааст имрӯз