Мастӣ ва бе хабарии рутба омаст ӣнҷо

Абҷади тозаи саводони хат ҷомаст ӣнҷо

Аз сафар кардани зоҳир , нашавад кори тамом

Ҳар ки дар хеш сафар кард тамомаст ӣнҷо

Нашавад ҷамъ , забоноварӣу сӯхтагӣ

Сухан аз шамъ магӯӣед ки хомаст ӣнҷо

Сухани ишқ чу ояд ба миён хомаш бош

Лаб гушӯдан ба такаллуми лаб бомаст ӣнҷо

Орифони талхи лаби худ ба шикоят накунанд

Каҷравиҳои фалаки гардиш ҷомаст ӣнҷо

Талхкомӣ набӯд дар шкрстони висол

Номаовар нигаҳу бӯса паёмаст ӣнҷо

Сайди худ гӯша нишинон ба тавваҷуҳ гиранд

Дидаи мунтазирони ҳалқа домаст ӣнҷо

Ба ғами ин як ду нафасро гузарондан ситам аст

Хандаи субҳ ба дилгирӣ шомаст ӣнҷо

Зарра то меҳр надоранд дарин базми қарор

Бинмо хотири осӯда кадомаст ӣнҷо

Дар ғами ободи фалаки рахна озодӣ нест

Чашм то кор кунад ҳалқа домаст ӣнҷо

Пой дар хилвати мо аз дар одат магузор

Дар дили боз чу шуд вақт саломаст ӣнҷо

Зулфро шона зад , эй бол фишонон чаман

Зуди худро бирасонед ки домаст ӣнҷо !

Нест мақбули дили ишқ , писандидаи ақл

Ҳар ки одам буд онҷо , дад ва домаст ӣнҷо

То дар оташкадаи дили нгдозии соиб

Даъвии пухтагии андеша хомаст ӣнҷо