Ашками зи дил ба чеҳра давидан гирифт боз
Ин хонаи шикаста чакидан гирифт боз
Оҳи заъифи ман ки ба равзан наме расед
Бар рӯй чарх , нил кашӣдан гирифт боз
Шуд тозаи доғ куҳнаам аз рӯй гарми ишқ
Ин миваҳои хом расӣдан гирифт боз
Неши шикастагӣ ба сувидоӣ дил расед
Ин хӯни ним мурда чакидан гирифт боз
Ҳар донаи ашкро ки фурӯи хӯрда буд дил
Аз тангнои ҳавсила чидан гирифт боз
Боди муроди оҳи диламро зи ҷои рабӯд
Ин баҳр орамида тапидан гирифт боз
Аз трктози ғами дили сад пора ҳар тараф
Чун лашкари шикаста давидан гирифт боз
Оҳӣ илм кашид з ҳар зарраи хоки ман
Мӯри заъифи бол паридан гирифт боз
Набзӣ ки буд аз раг хоб орамида тар
Аз шавқи дасти ёр ҷаҳидан гирифт боз
Аз лолаи дашти доми тамошо ба хок кард
Дил аз саводи шаҳр рамидан гирифт боз
Дигари дили заъифи ман аз риштаҳои оҳ
Брхўд чу карами пела тнидн гирифт боз
Ҳар донаи умед ки дар зери хок буд
Аз навбаҳори васл , дамӣдан гирифт боз
Ҳар мӯем аз ҳаловати он лаъли обдор
Ангушти худ чу шамъ макидан гирифт боз
Чашмӣ ки бо хаёли ту дар хоби ноз буд
Аз муждаи висол , паридан гирифт боз
Ин он ғазал ки мавлавӣ рӯм гуфта аст
Симурғи кӯҳи қоф , расӣдан гирифт боз