Рӯзи равшанро шаб тораст пинҳон дар либос

Чеҳра гулранг дорад хати райҳон дар либос

Мотаму сури ҷаҳон бо икдгр омехта аст

Хандаҳо чун барқ дорад абри гирён дар либос

Резиш бе пардаи об рӯй соил май барад

Зон кунад дарё ба дасти абр , эҳсон дар либос

Шарми ҳиммати ёдгир аз Юсуфи мисрӣ ки дод

Нури бенишро ба чашми пери канъон дар либос

То нагардад айши ширинаши зи чашми шӯри талх

Аз сари пар мағз гардад пистаи хандон дар либос

Аз худ орои дил равшан нагардад шодмон

Шамъ аз фонӯс рангинаст гирён дар либос

Гар ба зоҳири шамъ дар фонӯс рафт аз роҳи раҳм

намезанад бар оташи парвонаи домон дар либос

Рози ишқ аз парда пӯшӣ мешавад расво ки ҳаст

Бо вуҷӯди нофа , буии машки урён дар либос

Тору пуди ҳала фурдуаш гардад мавҷи ашк

Чашми гирёни рости ташрифоти алвон дар либос

Гар ба зоҳири калаки соиби тираи рӯз афтода аст

Субҳҳо пӯшида дорад ин шабистон дар либос