Шарбати бемории дили теғ серобасту бас
Сандалии дарди сари вайрона сайлобасту бас
Гум макун раҳ , Хизр агар тирӣ ба торикӣ фиканд
Чашмаи ҳайвони дами шамшер серобасту бас
Маҷлиси аҳли риё чун бӯрё афсурда аст
Он ки дорад оташӣ дар сина миҳробасту бас
То гиребони мардуми олам ба хӯн олӯда анд
Покдомонӣ ки мебайнем қассобасту бас
эй ки май пурсӣ ки дар малики муҳаббат боб чист
Ашки гарму чеҳраи хунини ҳамин бобасту бас
Тираи рӯзонро хабар аз гардиш сайёра нест
Бишиканад чун ранг бар рухсор , маҳтобасту бас
Нест соиби зоҳидии хушкро нури шуъӯр
Машриқи равшани замирони олам обасту бас