Ҳуҷҷати шӯри қиёмати лаби хандони ту бас

Ҳам набарди сафи маҳшари сафи мижгони ту бас

Қиблаи зиндаи дилони ғунчаи хандони ту бас

Замзами сӯхтагони чоҳи занхдони ту бас

Гар ҳама рӯй замини лашкар имон гирад

Илм афрохтани зулфи парешони ту бас

Нгшоинд дар ҷинат агар бар рухи мо

Длгшоиндаҳи мочоки гиребони ту бас

Хати ёқӯт агар аз лавҳи ҷаҳон маҳв шавад

Сархати сабзаи ҷинати хати райҳони ту бас

Гули рухсори турои шабнам бегона мабод

Арақи шарм ба сад чашми нигаҳбони ту бас

Лола зорӣ шавад аз номаи сиёҳони грхок

Ҳамаро шабнамӣ аз қулзуми эҳсони ту бас

Меҳру магар ба шабистони ту партав ндиҳанд

Чун гуҳар , соФдлии шамъи шабистони ту бас

эй дил аз шӯри қиёмат чаҳ таваққуъи дорӣ ?

Шурии бахт , намакдон сар хон тўбс

Гар набахшад гули ҷинат ба туҳидастии мо

Домани пургули мо гӯшаи домони ту бас

Соиби ин он ғазали хоҷа назирӣаст ки гуфт

Ҳар ки бурҳони талабади қавли ту бурҳони ту бас