Боздорм ба назари хати ғуборӣ ки мапурс
Соя кардааст ба ман абрбҳорӣ ки мапурс
Нест дар рафтани дили ҳеҷ гуноҳӣ аз ман
Кашишӣ дидаам аз ҷилваи ёрӣ ки мапурс
Гар чу гули чоки занами ҷомаи ҷони маъзӯрам
Дидаам субҳи баннои гӯши нигорӣ ки мапурс
Аҷабӣ нест змни тоқат агар ваҳшӣ шуд
Зада нохун ба дилами шери шикорӣ ки мапурс
Чаҳ хаёласт дил аз пой нишинад дигар ?
Ҷилвае дидаем аз шоҳсўорӣ ки мапурс
Дидаам нақши Муродӣ ки тмошодорд
Додаам дасти иродат ба нигорӣ ки мапурс
Ман ҳайрон накунам машқи ҷунун , пас чаҳ кунам ?
Ҳаст дирамади назари хати ғуборӣ ки мапурс
Чун насузад ҷигари санг ба навмидии ман ?
Рӯй гардондаи змни лолаи изорӣ ки мапурс
Кардаам аҳд ки корӣ нагузинам ҷузи ишқ
Бетаъаммул задаам даст ба корӣ ки мапурс
Шаб ки он мӯри миёни танги дроғўшм буд
Доштам аз ғами айёми канорӣ ки мапурс
Ман на онам ки хӯрам бор дигар бозии чарх
Хӯрдаам зини қафаси танги фишорӣ ки мапурс
Чун ба шукрона насозам ду ҷаҳони роозод ?
Чашми домам шудаи равшан ба шикорӣ ки мапурс
Накунад вақти марои зеру зибри суҳбати халқ
Каз дили танг маро ҳаст ҳисорӣ ки мапурс
Ғунча хусбон гулистони ҷаҳонро соиб
Ҳаст дар пардаи дили боғу баҳорӣ ки мапурс