Аз зулфи кофар ту наҷустааст ҳеҷ кас

Қайди фаранг роншкстаҳаст ҳеҷ кас

Аз худ бурун наёмада натавон ба ҳақ расед

Гавҳар ба чашм баста наҷустааст ҳеҷ кас

Ғайр аз сапанди хол ки рӯ сахт карда аст

Дар оташи ин чунин нанашастааст ҳеҷ кас

Бо зоҳид фусурда магӯ ҳарфи дарду доғ

Нон дар танур сард набастааст ҳеҷ кас

Парҳез чун кунам з май айёми навбаҳор ?

Азоби Хизр даст нишастааст ҳеҷ кас

Ғайр аз қабо касе зи асирони синаи чок

Бар қомати ту банд набастааст ҳеҷ кас

Ҷузи хати дили сиёҳ ки он зулфи рошкст

Болу пар ҳумо нашикастааст ҳеҷ кас

Ҷузи ман ки моилам ба даҳону миёни ту

Дили ро баи ҳеҷ ва пуч набастааст ҳеҷ кас

Як мӯ намондааст таъаллуқ ба ҷони маро

Ин риштаро чунин нагусастааст ҳеҷ кас

Зини саракашон ки даъвӣ зӯроварӣ кунанд

Шохи ғурур роншкстаҳаст ҳеҷ кас

Дар ҳеҷ зарра нест ки шурии з ишқ нест

Соиби зи қайд ишқ наҷустааст ҳеҷ кас