Аз тамошои парешони ҷаҳон дилгир бош
Волаи як нақш чу ойӣна тасвир бош
Чу ту берун омадӣ аз банду зиндони либос
Сар ба сар рӯй замини гӯи хор домангир бош
Хасми рӯгардон чу шуд аз захм ӯ эмин машав
Воқифи пушти камон беш аз дам шамшер бош
Ризқ сарсар мешавад охири чароғи орият
Аз фурӯғи фурӯзони ҳамчуи чашм шер бош
Шер холис мешавад ҳар хӯн ки ӣнҷо май хурӣ
Чанд рӯзӣ сабр кун мироби ҷӯй шер бош
Аз ҳадиси рости рӯ гардон машав чун бедилон
Чун ҳадафи собити қадам дар раҳгузор тир бош
Сайри чашмӣ ҳар киро доданд неъматҳо азоўст
Гар ту ошиқи неъматии ҷӯёии чашм сайр бош
То бихандад бар рахти пешонии манзил чу субҳ
Ҳам ба ҳиммат , ҳам ба дасту пой дар шабгир бош
Аз гирифторӣ машав ғофил дар айёми нишот
Гар ба гулшан май рӯй чун об бо занҷир бош
То чу Хизри неки пай аз зиндагонии брхўрӣ
Ҳар куҷои афтодае бинии пай таъмир бош
Марди найранги хазону навбаҳорони нестӣ
Дар бисоти хок , соиби ғунча тасвир бош