Дили зи тан чун давр шуд вомӣ шавад ғамгин мабош
Кӯрро фарзанд бино мешавад ғамгин мабош
Гар туро аз кор кардани фурсат гуфтор нест
Рафтаи рафтаи кор гуё мешавад ғамгин мабош
Чун ҳубоби ин уқда каз касби ҳаво дар кор туаст
Аз насимии айн дарё мешавад ғамгин мабош
Гар туро дар парда дил ҳаст ҳасани Юсуфӣ
Муштарӣ бисёр пайдо мешавад ғамгин мабош
Дар канор гул нахоҳад монад шабнами ҷовдон
Охир аз пастӣ ба боло мешавад ғамгин мабош
Гар насими субҳи ғофил аз кушод дил шавад
Ин гиреҳ чун ғунчаи худ во мешавад ғамгин мабош
Хӯн ба муҳлат машк шуд дрноФи оҳӯии хутан
Гиряҳои талх саҳбо мешавад ғамгин мабош
Ҷавҳари теғи забони лофи як дам беш нест
Субҳи козиби зуд расво мешавад ғамгин мабош
Нуқтаи хоки сияҳ , соиб агар соҳибдилӣ
Дилнишинтар аз сувидо мешавад ғамгин мабош