Даст шустани зи бақои об ҳаётаст туро

Хат кашӣдан ба ҷаҳони хат наҷотаст туро

Барг аз хеш биафшон , зи самар даст бишӯй

эй ки чун беди таманноӣ наботаст туро

Дар ҷавонӣ ба тавофи ҳарами каъба шудан

Шаҳнаи боқии айём ҳаётаст туро

Гарчи аз хӯша парвин гузарад хирмани ту

Ҳамчунон аз дгарони чашм закотаст туро

То ба манзил нарисӣ , бар ту нагардад равшан

Баракатҳо ки ниҳон дар ҳаракотаст туро

Лангар аз қофилаи реги равон май ҷӯӣ

эй ки аз зиндагии умед саботаст туро

Аз раҳи як ҷиҳатӣ рӯй магардон соиб

Агар умеди раҳои з ҷаҳотаст туро