эй ки аз олами маънӣ хабарӣ нест туро

Беҳтар аз меҳр хамӯшӣ сипарӣ нест туро

Агар аз хеши буруни омадае чун мардон

Бош осӯда ки дигар сафарӣ нест туро

Сарв аз бе самарии халъат озодӣ ёфт

Ҷигар хеш махӯргар самарӣ нест туро

намекунад ҳамраҳеи Хизр , биёбони маргат

Агар аз дарди талаб роҳбарӣ нест туро

Бар шикасти қафаси ҷисм азон май ларзӣ

Ки сазовори чамани бол ва парӣ нест туро

Бугсал аз хеш ва ба ҳар хор ки хоҳии пайванд

Ки дарин раҳи зи ту носозтрӣ нест туро

Зон ба чашми ту буд рӯй замини хорстон

Ки чу наргис ба таҳи по назарӣ нест туро

Сангро мешаканд санг , азон мағрурӣ

Ки дарин ҳафт садаф , ҳам гуҳарӣ нест туро

Нест дар бе ҳунарии офати нихвати соиб

Шиква аз бахт макунгар ҳунарӣ нест туро