На ба чашму дил танҳо нигаронем туро

Ҳамчуи дом аз ҳама аъзо нигаронем туро

Ту ба чандини назар лутф набинӣ дар мо

Мо ба як дидаи зи сад ҷо нигаронем туро

Нест назораи рухсори ту махсӯс ба чашм

Аз саропо , ба саропо нигаронем туро

Пардаи чашми сазовори тамошоӣ ту нест

Аз саропарда дилҳо нигаронем туро

Дил ҳамон метапад аз шавқи тамошои рахт

Гар ба сад дида бино нигаронем туро

Фориғем аз ҳаваси сайри хиёбони биҳишт

То ба он қомат раъно нигаронем туро

Нест монеъ дару девори назарбозон ро

Чун шарар дар дил хоро нигаронем туро

Чаҳ шавадгар ба нигоҳии дили мо шод кунӣ ?

Мо ки аз ҷумла дунё нигаронем туро

Нест дар дида ҳайрат зада матлабро роҳ

Мо на аз роҳ таманно нигаронем туро

Дида аз хоби нмолидаҳи равон май гардӣ

Гар бадоне чаҳ қадарҳо нигаронем туро

Нарасад дидаи бадбӣн ба ту эй водии ишқ

Ки з ҳар обила по нигаронем туро

Ҳаст бо фикри ту кайфияти дигари соиб

На ба имло ва ба иншо нигаронем туро