Андалебӣ ки ба дил ҳаст зи ғайрати хораш
Нафаси субҳи қиёмати дамад аз минқораш
Аз баҳори чамани афрӯз чаҳ гул хоҳад чид ?
Май парастӣ ки набошад ба гарави дастораш
Даст аз парвариши шохи амли кӯтаҳи дор
Кин ниҳолӣаст ки бошад гиреҳи дили бориш
Гулшаниро ки буд дидаи гулчин дар пай
Мижа бар ҳам назанад хори сари девораш
Ҳосили неъмати дунёи ҳама зарқасту фиреб
Ин дарахтӣаст ки пучаст саросари бориш
Кист имрӯзи дарин боғи бғир аз соиб ?
Андалебӣ ки чакад хӯни дил аз минқораш