Бапуш чашми зи айби касон , ҳнрбин бош

Бисоз бо хасу хор ва ҳамеша гулчин бош

зи санги хораи дами теғи зуди баргардад

Дарин қаламрави офат чу кӯҳ сангин бош

Ба хӯни зи неъмати алвони даҳри қонеъи шӯ

Гаронбаҳоу гиромӣ чу нофа чин бош

Ба як назар натавон дид халқу холиқ ро

Бапуш дидаи худбинӣ ва худобин бош

Дро ба ҳалқаи равшандилони олами хок

зи санги тафриқаи эмин чу ақд парвин бош

Шикастаи пое барқаст сабзаи таҳи санг

Ба боли саъии гурезони зи хоб сангин бош

Нахуст аз нафаси пок машк кун хӯн ро

Дигар чу нофаи чин дар либос пашмин бош

Биҳишти нақд агар соиби орзӯи дорӣ

Бирав зхок нишинон шаҳр Қазвӣн бош