Касе ки дидан рӯй ту кард ҳайронаш

Ба дида об нагардад зи меҳри тобонаш

Гули изори туро ҳоҷат нигаҳбон нест

Ки ҳаст аз арақи шарми худ нигаҳбонаш

Кунад зи лутфи бадани кори ахгари сӯзон

Фитад агар гул бехор дар гиребонаш

Агар чаҳ моидаҳи ҳасанро ниҳоят нест

зи пораи дил хешаст ризқи муҳимонаш

Гули сабоҳ , дарбаста оядаш ба назар

Фитод дида ҳар кас ба рӯй хандонаш

Марои зи писта даҳонеаст чашми дилсӯзӣ

Ки шӯри ҳашар буд гардаи намакдонаш

Ба ҳеҷ қатраи борон ба чашм кам мангар

Ки ҳаст махзани гавҳари зи синаи чоконаш

зи луқмаи ҳирси гадо кам намешавад соиб

Лаби савол дигар мешавад лаби Нонаш