Чароғ ишқ намегардад аз лаҳади хомӯш

Кӣ оташи ҷигар санг мешавад хомӯш ?

зи панди носеҳ бемағз , ишқ осӯда аст

Ки баҳрро накунад пардаи збди хомӯш

Чу шамъ кушта наларзад ба зиндагонии хеш

Забон ҳар ки шуд аз ҳарфи неку бади хомӯш

Ба гуфтугӯии тнк моягон мабар ғайрат

Ки зуд мешавад ин сайл бе мадади хомӯш

зи раҳгузори нафас тира мешавад дилҳо

зи ҳеҷ оина хиҷлат намекашад хомӯш

Шикояти ту зи афлок аз дуруштӣ туаст

Ки хоки нарм буд дар таҳи лагади хомӯш

зи қаҳти шери муруввати сипеҳри хушки мизоҷ

Маро ба ҷунбиш гаҳвора мекунад хомӯш

Чунон ки Тифл ба тадриҷ мешавад гуё

Забони ақл ба тадриҷ мешавад хомӯш

Агар насими дам исавӣ шавад соиб

Чу ғунчаи тан ба шукуфтан намедиҳад хомӯш