Макун хароши дили санг низ пешаи хеш
Ки кушта май шӯии охир ба захми тешаи хеш
Зшрми сӯрати ширини маро муяссар нест
зи даври бӯса задан бар даҳони тешаи хеш
Маро ба дори фанои замона чун ҳаллоҷ
Биҷуз расан набӯд баҳрае зи пешаи хеш
Ки ғайри сабзаи хати ту эй баҳори умед
Рисондааст дар оташ ба об , решаи хеш ?
Ба лутфи шишагар , умеди ман дуруст буд
Азон дареғ надорам зснги шишаи хеш
Давоми хандаи шодӣ чу ғунчаи як даҳан аст
Хушам ба тнгдлӣ бо ғам ҳамеша хеш
Чу пеши сарсар маргаст кӯҳу коҳи яке
Ба санги хора чаҳ муҳкам кунем решаи хеш ?
намерасад ба ғизолони фарбеҳи осебӣ
Агар зи паҳлавӣ лоғар кунанд бешаи хеш
Шудам ба хӯрдани дили қонеъ аз ҷаҳони соиб
Чу шер по нагузорам буруни зи бешаи хеш