Ба ҳар сиёҳ дарун машнуон таронаи хеш
Замини пок талаб кун барои донаи хеш
Забони хеш ба девор то тавон молида
Қадам бурун магузор аз даруни хонаи хеш
Гуноҳи зиштии худро бар обгина манеҳ
Макун чу тнгдлони шиква аз замонаи хеш
Дили хароби зи хоки мурод камтар нест
Бихоҳ ҳоҷати худро зи остонаи хеш
Дарин ду ҳафта ки гули миҳмони ин чаман аст
Мабош дарпайии таъмири ошиёнаи хеш
Чу зулфи мотамён дар ҳамаст корҷҳон
Азин балои сияҳи даври дори шонаи хеш
Каманди гавҳари мақсӯди ришта ашк аст
Макун чу шамъи қазои гиряи шабонаи хеш
Ба ним ҷӯ нахирад хирмани фалаки соиб
зи уқдаи дили худ ҳар ки сохт донаи хеш