Бо субҳи рўгшодаҳтар азоФтоб бош
Азҳр ки дам шимурда занад дар ҳисоб бош
Хоҳии дуруст азоб барояд сабуии ту
Хомӯш чун пиёла ба базм шароб бош
Хӯнҳои гарми зуд ба ҳам ҷӯш ме зананд
Чун бар хурӣ ба сӯхтаи ҷонон кабоб бош
Ҳар моҳи нав ки гӯша абрӯ кунад баланд
Аз ғайби ишора Эйаст ки по дрркоб бош
Чун дар сари ту дидаи ибрат пазир нест
Дар айни навбаҳор чу наргис ба хоб бош
Ҳарчанд об Хизр равад дар рикоби ту
Дар чашми халқи ташнаи ҷигар чун сароб бош
Икрнг мешаванд ба ҳам зуди микшон
Бо ҳар ки хӯн хеш хӯрд ҳам шароб бош
Гар ҳаст қобилияти зотии туро чу лаъл
Умедвори тарбият офтоб бош
Аз печу тоби ришта ба васл гуҳар расед
Дар айни баҳр , муваҷҷаҳи пурпеч ва тоб бош
Аз хонаи шикаста бало мекунад ҳазар
Дар раҳгузори сайли ҳаводис хароб бош
Гар ҳаст дар димоғи турои боди нихватӣ
Омода шикастан худ чун ҳубоб бош
Ҳаргоҳи сояи тўнҳди рӯ ба кӯтаҳӣ
Омодаи заволи худ эй офтоб бош
Парвона комёб шуд аз рӯй гарми шамъ
Чун ёр беҳиҷоб шавад беҳиҷоб бош
Фардӣ ки ботил аст надорад шикастанӣ
Соиби шикаста чун варақ интихоб бош