Нест андешае аз захми забони саркаш ро

Хору хаси бистари санҷоб буд оташ ро

Баҳра аз умр буд тираи равононро беш

Зӯдтар ҷазб кунад хок май беғаш ро

Хобаш аз бистари бегона парешон нашавад

Ҳар ки дар зиндагӣ аз хок кунад мФрш ро

Чашм бар шаст ту доранд ғизолони ҳарам

Холӣ аз тир ба бозича макун таркиш ро

Ба ҷуз аз ҷозибаи меҳру муҳаббати соиб

Кист аз хона бурун оварад он саркашро ?