Ваҳшатӣ дода зи авзоъи ҷаҳони дасти маро
Ки ба занҷири ду зулфаш натавон басти маро
Бас ки ошуфтаи зи савдои туам , ме гардад
Сафҳаи машқи ҷунун , оина дар дасти маро
Дорам аз поси вафои силсила бар по , варна
Ман на онам ки ба занҷири тавон басти маро
Гарчи чун обила бар ҳар кафи по бӯса задам
Раҳравӣ нест дарин роҳ ки нишкаст маро
Домро шухии чашми ту зи ҳам май гусалад
Варна оҳӯи натавонади зи назари ҷусти маро
Ду ҷаҳони риштаи шерозаи з ман ме талабед
Буд рӯзӣ ки сари зулфи ту дар дасти маро
Теғи ман ҷавҳар худ кард зи ғайрати зоҳир
Чарх ҳар чанд ки бардошт ба як дасти маро
Хомшӣ дорадам аз мардуми каҷи баҳси эмин
Нест чун моҳии лаби бастаи ғами шасти маро
Оем аз хок ба маҳшар чу сабуи даст ба дӯш
Гар чунин гардиши чашм ту кунад масти маро
Чун миёни ман ва ӯ даст диҳад ҷамъият ?
Ки ба даст омаданаш май барад аз дасти маро
Хок дар коса душман кунад афтодагӣам
Нақши бандад ба замин ҳар ки кунад пасти маро
Сарви озодаи ман ваҳшат аз об ва гул дошт
Кард ҳайронии рафтор ту побаст маро
Тарафӣ нест ҷузи ойӣнаи маро чун тӯтӣ
Ҳам манам соиб агар ҳам суханӣ ҳаст маро