Нафаси сӯхтаи равшангар ҷонаст маро

Чун шарар , зиндагӣ аз сӯхтагонаст маро

Дил савдо задаам ҷӯш баҳорон дорад

Чеҳра аз дард агар барг хазонаст маро

Бихўдии гирди малол аз дил ман ме шавед

Рафтани дил ба назари об равонаст маро

Гарчи афтодаам аммо пай бардоштанам

Ҳар ки қад рост кунад тир ва синонаст маро

Гардиши чарх маҳоласт маро пер кунад

Ҳиммати пери Муғон , бахт ҷавонаст маро

Натавон шаст ба ҳар сайди кушодан , варна

Оҳ тирӣаст ки доим ба камонаст маро

намекунад силсилаи умри абадро кӯтоҳ

Гиреҳӣ чанд ки дар ришта ҷонаст маро

Дар сафари одати сайлоб баҳорон дорам

Сахтии роҳи талаб , санг Фсонаст маро

Дар харидории дарди ту ба ҷон бе тобам

Варна Юсуф ба зари қалб гаронаст маро

Нест чун сарв , маро бесамарӣ бар дили бор

Ки зи осеби хазони хат амонаст маро

Об аз дидаи хуршеди кушояди соиб

Дар дили ойӣнаи изорӣ ки ниҳонаст маро