Гул доғаст агар тоҷ зарӣ ҳаст маро
Ашки гулранг будгар гуҳарӣ ҳаст маро
Барги ман захм забонаст дарин сабзи чаман
Санги атфол будгар самарӣ ҳаст маро
Акси ман соя фикандааст бар ин оина ҳо
Гар дарин ҳафт садафи ҳам , гуҳарӣ ҳаст маро
Нест дар рӯй замини сӯхтаи ҷонӣ , варна
Дар дили санги гумон шарарӣ ҳаст маро
Хурда гирон натавонанд шудани пешами теғ
Ки зи гирдоварии худ сипарӣ ҳаст маро
Ҷилваи ма буд аз оби равони равшан тар
Гар ба рухсори накӯён назарӣ ҳаст маро
Душмани хонагӣ аз хасм бурунӣ битарсат
Ҳаст аз дидаи худгар хатарӣ ҳаст маро
Бирав эй қосиду заҳмати бабр эй боди сабо
Ки ҳам аз номаи худ , нома барӣ ҳаст маро
Нест ҷузи сояи болои ту эй сарви равон
Дар ҳама рӯй замингар дгарӣ ҳаст маро
Сиррӣ аз байза гардун натавон беруни барад
Варна дар пардаи дил , бол ва парӣ ҳаст маро
Дидаи шӯр чу шабнами зи ҳаво май борад
То дарин боғ чу гули мушт зарӣ ҳаст маро
Сад ҳунари пардаи як айб чу натавонад шуд
Зин чаҳ ҳосил ки ба ҳар мӯ ҳунарӣ ҳаст маро ?
Аз шикасти дил чун шиша чаро андешам ?
Ки дарин шишаи ниҳони шиша гарӣ ҳаст маро
Ранг бастаст шаби бахти сиёҳам , варна
Дар дили сӯхтаи оҳ саҳарӣ ҳаст маро
Ба ду сад захми маро аз ту ҷудо натавон кард
Ки ба ҳар мӯии ту пайваста сиррӣ ҳаст маро
Нест соиб ба ҷуз аз обилаи пои талаб
Дар раҳи ишқ агар ҳамсафарӣ ҳаст маро