То дил аз рӯй ту шуд матлаъи анвори маро

Чашм хуршед шавад хираи зи рухсори маро

Бенасибаст зи ман дидаи зоҳирбинон

наметавон ёфт ба нури дили бедори маро

Ҳаст бар хотири ман дидани ғмхўори гарон

Варна кӯҳи ғам ӯ нест ба дили бори маро

Дар сияҳи рӯе азон гаштаам ангушти намо

Ки сар омад чу қалами умр ба гуфтори маро

Чун кунам пеши табибон дигар дасти дароз ?

Ноз исоаст гарон бар дили бемори маро

Аз кафи даст агар мӯӣ бурун ме ояд

намерасад даст ба мӯии камари ёри маро

Сарви озоди турои дидаи бадбӣни мрсод

Ки ба ҳар ҷилва кунад тозаи гирифтори маро

Ҳалқае май занам аз давр бар он дар соиб

Боғбонгар надиҳади роҳ ба гулзори маро