Мижа монеъ нашавад ашки сабки ҷавлон ро

Домани баҳр ба фармон набӯд марҷон ро

Саркашии лозим ҳасанаст дар айёми висол

Каъба дар мавсими ҳаҷ ҷамъ кунад домон ро

Рахнаи барқ , ҳам аз абр ба ҳам ме ояд

Гиря ҳамвор кунад захми лаби хандон ро

Чин ба пешонӣ чун оина хеш мазан

Танг бар тӯтии хуш ҳарф макун майдон ро

Ончӣ бар рӯй ман аз сиккаи силӣ рафта аст

Ба зари қалб , бадал чун накунам ихвонро ?

Мизбонӣ ки бдомўз такаллуф бошад

намекунад зуди гарон бар дили худ меҳмон ро

Ҳикмати хушк агар роҳнамо ме гардид

Ғӯта дар баҳр намедод фалаки Юнон ро

намекашад беш ситам ҳар ки ба имон илм аст

Ки ба сбобаҳ расад захми фузуни дандон ро

Ташташ аз бом маҳол аст науфтад соиб

Ҳар ки бар хок чу хуршед кашад домон ро