Тундӣ хуй зарураст сухани ойин ро

Ки банушанд ба талхӣ , май лаби ширин ро

Булбулоне ки назар бар рухи гул во карданд

Чаҳ шиносанд қумоши сухани рангин ро

Барад ва бар тоқи фаромӯшӣ ҷовид гузошт

Тешаи соФдлми оинаи ширин ро

Кист аз ӯҳдаи ин вом сбкбор шавад ?

Гар набахшад ба касе духтари рузи кобӣн ро

Даст дар доман май зан ки расонид ба чарх

Нисбати силсилаи ток , сари парвин ро

Ишқ андеша надорад зи нигаҳбонии ақл

Дузд хомӯш кунад шамъи сари болин ро

Дили соиб чаҳ ғам аз неш маломат дорад ?

Нест андешае аз хор , кафи гулчин ро