Чархи пари гавҳари шаб тоб шуд аз гиряи мо
Моҳ дар ҳола гирдоб шуд аз гиряи мо
Ашки мо доғи клФи шасти зи рухсораи мо
Занг аз ойӣна маҳтоб шуд аз гиряи мо
Буд ҳар мавҷи саробӣ ки дарин домани дашт
Риштаи гавҳар сероб шуд аз гиряи мо
Дар биёбони талаб , нақши паии грмрўон
Садафи гавҳар симоб шуд аз гиряи мо
Нест тақсири фалакгар шаби мо бе саҳараст
Субҳҳо ҳамчу шкроб шуд аз гиряи мо
Шаст агар абри зи рухсори замини гирди малол
На садаф гавҳар ноёб шуд аз гиряи мо
Аз ғубори дили мо ишқи талофӣ ҳо кард
Хок агар туъма сайлоб шуд аз гиряи мо
Гиреҳи обилаи поён ки кушояди дигар ?
Хору хаси бистар санҷоб шуд аз гиряи мо
Пеши равшани гуҳарон дидан ҳамчашм балост
Шамъ дар гӯша миҳроб шуд аз гиряи мо
Хоб сангин шавад аз замзамаи оби равон
Наргиси ёр гронхўоб шуд аз гиряи мо
Сарви болои ту ҳар тавқ ки аз фохта дошт
Сар ба сари ҳалқа гирдоб шуд аз гиряи мо
Файзи эксир буд ашки саҳархезон ро
Моҳ , хуршед ҷҳонтоб шуд аз гиряи мо
Чаҳ аҷабгар дили сангини ту симоб шавад ?
Ранг дар лаъли ту хуноб шуд аз гиряи мо
Реги саҳрои ҷунун бо дили сӯзони соиб
Ҳама чун обила сероб шуд аз гиряи мо