Илми нусрати мо оҳи саҳаргоҳии мо

Меҳри хомӯшии мо чатри шаҳаншоҳии мо

Мо з бебаргу навоеи хат покӣ дорем

Чаҳ кунад бод хазоне ба рухи коҳии мо ?

Чархи чандон ки занад нақши ҳаводис бар об

намешавад ҷавҳари ойӣнаи огоҳии мо

Чаҳ таваққуъи зи рафиқон дигар бояд дошт ?

Соя ҷое ки кашад пои зи ҳамроҳии мо

Рафта будем ки аз водии дил давр шавем

Нафас сӯхта шуд серумаи огоҳии мо

Ҳар сари хори дарин дашт чароғӣ гардид

Пой барҷост ҳамон зулмати гумроҳии мо

Рафт умру қадам аз худ наниҳодем бурун

Дод аз ғифлати мо , оҳи зи кӯтоҳии мо

Ҳамчунон хор ба дил аз раг хомӣ дорем

Фалс агар доғ шавад бар бадани моҳии мо

Нест дар домани ин дашт , шикории соиб

Ки илм чарб кунад оҳи саҳаргоҳии мо