Сар бар фалаки зи ҳиммат воло кашида ам

Тасбеҳро зи даст сурайё кашида ам

Ҳаргиз нашуд ки бар сар ҳарф оварам туро

Ман каз даҳони ғунчаи сухан во кашида ам

Гркўаҳи бесутуни тарафи баҳси ман шуда аст

Дар хоку хӯн ба мӯӣ мудоро кашида ам

Нитсаон чаро гуҳар накунад қатраи маро ?

Кам меҳнатии зи талхӣ дарё кашидаам ?

Аз пои кашанд бе адабони хорро ва ман

Аз хори роҳ ӯ зи адаб по кашида ам

Аз хокмоли ҳодисаи эмин набӯда ам

Чун сояи рахти хеш ба ҳар ҷо кашида ам

Бораст бар таҷарруди ман тӯҳмати либос

Доғам ки по ба доман саҳро кашидаам !

Соиб дучор нашутур алмос гашта аст

Беш аз гилӣми хеш агар по кашида ам