Рангин шудааст бас ки зи хунин тарона ам
Мурғон ғалат кунанд ба гул ошиёна ам
Ҳар пора аз дилам дар тавҳид ме занад
Як нақш беш нест дар ойӣна хона ам
Дил хӯрданаст қисматам аз гирд хон чарх
Аз марказ худаст чу паргор дона ам
Чун муваҷҷаҳи сароби дарин дашти оташин
Аз печу тоби хеш буд тозӣона ам
Чашмам чу шамъ нест ба ҷому сабуии кас
Аз гиря худаст шароб шабона ам
Савдои зулфи силсила ҷунбон гуфтугӯаст
Кӯтаҳ намешавад ба шунидан фасона ам
Он булбул ғариб навоем ки дар чаман
Нанишаст ҷӯши синаи гул аз тарона ам
Мустағнӣам зи халқ ки эксири ишқи сохт
Чун офтоби чеҳраи заррин хазона ам
Чун ғунчаи доштами дили ҷамъии дарин чаман
Бар бод дод як нафас беғамона ам
Соиби зи ҷои худ набарди ҳарфи ҳақи маро
Аз тири рост , рӯй нтобад нишона ам