Дилтанг аз маломат ағёр нестам

Чун гул , гирифта дар бағал хор нестам

Дар заҳр рӯй пӯши хатари бештар буд

Амн аз хат наруста дилдор нестам

Аз тавқи бандагии нкшми сар ба сими қалб

Юсуфи сифати гарон ба харидор нестам

Вазъи ҷаҳони зи нуқтаи дил дидаам тамом

Муҳтоҷи сайру давр чу паргор нестам

Субҳи қиёмат аз сар ҳар мӯ илм кашид

Аз хештан ҳануз хабардор нестам

зи озодагӣ бурӣдаам аз хеши ъмрҳост

Дар пеши худ чу сарв гирифтор нестам

Аз соя ҳумо нашавад хоби ман гарон

Маст аз ғурури давлат бедор нестам

Равшан ба нури шамса ақласт мағзи ман

Оташи парасти турраи зар тор нестам

Девонаам ки бар сари ман ҷанг ме шавад

Ҷинси касоди кӯча ва бозор нестам

Соиби зи худ ғубори гаронӣ фишонда ам

Чун буии гул ба ҳеҷ дилӣ бор нестам