Чун зулфи даст бар камар ёр ёфтам

Сари риштаи назокати з нор ёфтам

Чун шабнам ба чеҳраи гул ҷой ме диҳанд

Ин манзалати зи дида бедор ёфтам

Охир чу шабнам аз асари софи тинатӣ

Дар пешгоҳи хотири гул бор ёфтам

Он давлатӣ ки боли ҳумои сафҳа Эй азуаст

Дар зери чатри соя девор ёфтам

Мироби зиндагии зи ҳаёт абад наёфт

Файзӣ ки ман зи чашм гуҳарбор ёфтам

Тоқи пули муҷоз , асос ҳақиқат аст

Ман соқи аршро зи сар дор ёфтам

Аз ишқи раҳ ба мартабаи ҳасан барда ам

Оби гуҳари зи ранг харидор ёфтам

То чашми ҳамчу ғунча гушӯдам зи икдгр

Худро чу хор бар сар девор ёфтам