Имшаб ба оҳи сарди раҳ хоб ме задам
Дар кӯии ёр , сайр чу маҳтоб ме задам
Дар ҷоми дидаи пора дил ме гудохтам
Ҷўлонгаҳи хаёли туро об ме задам
Мижгон ба ҳам расонданам аз беғамӣ набӯд
Ҳар лаҳзаи нештар ба раг хоб ме задам
Фикри даҳони танг туам дошт дар миён
То субҳ бепиёла меноб ме задам
Чун мавҷ , сина бар дили дарёии пурхатар
Аз иштиёқ гавҳар ноёб ме задам
То субҳ буд суҳбати ман гарм бо хаёл
Бар ёди шамъи сина ба маҳтоб ме задам
Аз шуғли гиряи матлаб дигар надоштам
Обӣ ба рӯй бахти гарон хоб ме задам
Санг аз тапидани дил бе тоби хештан
То субҳдам ба сина миҳроб ме задам
намешуд чу нуқтаи доираи ҳайратами васеъ
Чандон ки сайру давр чу гирдоб ме задам
Аз заъф агарчӣ бол паридан надошт чашм
Фоли мурод дидан аҳбоб ме задам
Соиб набӯд бе сабабии изтироби ман
Доман ба оташи дил бетоб ме задам