Умрӣ чу гирд дар қадам корвон шудам

То ҳамчуи нола бо ҷарасӣ ҳамзабон шудам

Аз ишқи ман зи чархи гузашти офтоби ту

Сарви ту қад кашид чу ман боғбон шудам

То чанд бонифоқ касе ҳам намак шавад ?

Дилсард аз ошнои ин дӯстон шудам

Парвоз , дона хур накунад булбули маро

Чун сабзаи пои шикастаи ин бӯстон шудам

Соиб касе ба рутба шеърам наме расад

Даст сухан гирифтам ва бар осмон шудам