Саргарми ишқам аз ғами дастори фориғам
Аз куфру дайну сбҳаҳу зуннори фориғам
Дар синаи лолаи зори таҷаллӣ рисонда ам
Аз ҷилваи ду рӯзаи гулзори фориғам
Хоки вуҷӯди хеш расонидаам ба об
Аз нози абру қулзуми зхори фориғам
Офоқро зи рахнаи дил сайр ме кунам
Аз қабзу басти дидаи хўнбори фориғам
Раду қабули халқ ба як сӯ ниҳода ам
зи иқрори ин гуруҳ чу инкори фориғам
Ҷғд ва ҳумост дар назарами мурғи як қафас
зи иқбол бениёзаму зи идбори фориғам
Донистаам ки дузди ман аз хона ман аст
Аз пастӣу баландии девори фориғам
Бо нури офтоб чу шабнам сафар кунам
Аз санги роҳу кашмакаши хори фориғам
Розӣ шавам ба қимати дили хок агар диҳанд
зи андешаи касодии бозори фориғам
Монанди сарву беди дарин бўстонсро
Бо барги хеши сохта аз бори фориғам
Шукри худо ки кори ҷигари хори ишқ ро
Ҷое рисондаам ки зҳмкори фориғам
Донистаам шифоу мараз аз дукон кист
Соиби зи нусхаи бандии аттори фориғам