Аҷаб ки як дили хуш дар ҷаҳон шавад пайдо

зи шӯраи зори куҷо гулистон шавад пайдо ?

Мада чу тири ҳавоӣ ба боди умри азиз

Кашида дори камон то нишон шавад пайдо

Мазан чу теғ ба ҳар санги гавҳари худ ро

Хамӯш бош ки санг Фсон шавад пайдо

Азизи дор чу эксири хоксорон ро

Ки моҳи Миср дар ин корвон шавад пайдо

Каҷӣу ростии халқро маҳак сафараст

Ки ҳоли тири ҷудо аз камон шавад пайдо

зи чеҳрасозӣ гули матлаби баҳор ин аст

Ки андалеб дар ин гулистон шавад пайдо

Чаҳ хомаҳо ки дар иншоӣ шавқ шуд кӯтоҳ

Нашуд ки ширӣ аз ин Нитсаатон шавад пайдо

Ҳузур , пардаи бенаии сету пунбаи гӯш

Ки қадари булбули мо дар хазон шавад пайдо

зи ҳам ҷудо набӯд нӯшу неши ин гулшан

Ки вақт чидани гул боғбон шавад пайдо

Чунин ки ҳиммати моро баланд сохта анд

Аҷаб ки матлаби мо дар ҷаҳон шавад пайдо

Агар ту оинаи синаро кунӣ пардоз

Ҳазор тӯтии ширин забон шавад пайдо

Кадоми нӯш ки дар ваии наҳуфта нешӣ нест ?

Нифоқи бештар аз дӯстон шавад пайдо

Тавон бурид чу миқрози соиб аз олам

Дар ин замона агар ҳамзабон шавад пайдо