Чун шамъ чанд ман ба забон гуфтугӯ кунам ?
Равшандилӣ куҷост ба ҷон гуфтугӯ кунам ?
Талқини хӯни мурдаи диламро сиёҳ кард
То чанд бо сиёҳи дилон гуфтугӯ кунам ?
Равшандилӣ намонда дарин боғу бӯстон
Бо худ магар чу оби равон гуфтугӯ кунам
Хезади зи шишаи хонаи дили бонги аломон
Ҳар ҷои ман шикастаи забон гуфтугӯ кунам
Лавҳ сиёҳ карда пазироӣ нақш нест
Чун хомаи ман ба содаи дилон гуфтугӯ кунам
Бо теғ ӯ ки аз раги ҷонҳости ҷавҳараш
Чун ман барои хурдаи ҷон гуфтугӯ кунам ?
Соиби зи печу тоб гиреҳ мешавад сухан
Гоҳе каз он даҳону миён гуфтугӯ кунам