Дилро ҷило ба дида намнок ме кунам
Ойӣнаро ба домантар пок ме кунам
Даври нишоти нуқта ба паргор баста аст
Сарро ба кори ҳалқа фитрок ме кунам
Поси сафоӣ ойӣна медорам аз ғубор
Ҷонро агар зи теғи ту имсок ме кунам
Бар ҳар замин ки май расм , аз печу тоби хеш
Домии зи шавқи сайди ту дар хок ме кунам
Ғофили ним ба мастӣ азон қиблаи дуо
Дастии баланд чун шаҷар ток ме кунам
Дорам ба ашк бе асари худ умедҳо
Бо он ки тухми сӯхта дар хок ме кунам
Дар боғ бе ту ҳар қадаҳи хӯн ки ме хӯрам
Дасту даҳан ба домани гул пок ме кунам
Ҳар чанд оқибати самар менадомат аст
Хӯнӣ ба нақд дар дил афлок ме кунам
Барқӣ каз ӯст синаи абри баҳори чок
Аз содагии наҳуфта ба хошок ме кунам
Соиби зи заъфи тан нафасам мешавад тамом
То чун ҳубоби перҳанӣ чок ме кунам