Дасти тамаъи зи моидаҳи чарх шаста ем
Аз ҷони сахти худ ба шиками санг баста ем
Домони бодбони таваккул гирифта ем
Дар заврақи ҳубоб ба лангар нишаста ем
Барги хазони расида гулзор оламем
Пайванди шохсори иқомат гусаста ем
Мавқуфи трктоз насимӣаст гирди мо
Бар рӯй барги гул ба амонат нишаста ем
Чун қатраи сар ба домани дарё ниҳода ем
Вази муваҷҷаҳи тараддуд хотир наруста ем
Дар банди як ишора мавҷаст ин тилисм
Дил чун ҳубоб бар нафас худ набаста ем
Кайфият аз ибодат мо мечакад ба хок
Дар оби талхи домани саҷҷода шаста ем
Фардо ба рӯй мусҳафи дил чун нигаҳ кунем ?
Шерозааш ба риштаи зуннор баста ем
Мардум чаро ба хирмани мо аўФтодаҳанд ?
Ҳаргиз ба саҳви хотир мӯрӣ нахаста ем
Мактуби хеш аз алиф оҳ карда ем
Коғаз даридаему қаламро шикаста ем
Соиб ба айби хеш фитодааст кори мо
Зон рӯи забони знику бади халқ баста ем