Фикандаем ба имрӯзи кори фардо ро

Азин ҳаёт чаҳ осӯдагӣ буд моро ?

Нигоҳи дори сари ришта то нигаҳ доранд

Ки мезананд ба сӯзани лаби масеҳо ро

Ба чашми зоҳир агар рухсат тамошо нест

Набастааст касе шоҳроҳи дилҳо ро

Агар зи абрӯии ҳиммат ишоратӣ бошад

Тиҳӣ кунем ба ҷоми ҳубоби дарё ро

Худо сазо диҳад ин ашки гармро соиб

Ки шаст аз назарами серумаи тамошо ро