Мо номи худ зи сафҳаи дилҳо ситурда ем

Дар дафтари ҷаҳони варақи бод барда ем

Чун сарви тоза рӯй дарин бўстонсро

Дар роҳи гарму сарди ҷаҳони по фишурда ем

Рақси фалаки зи ҷӯши нишоти даруни мост

Чун хӯни мурда гарчи ба зоҳир фусурда ем

Наздиктар ба парда чашмаст аз нигоҳ

Роҳӣ ки мо ба каъбаи мақсӯд барда ем

Аз субҳи пардаи сӯзи худоёи нигоҳи дор

Ин розҳо ки мо ба дили шаб супурда ем

Гар хок раҳ шавем Фромш наме кунем

Аз чашмасор теғи ту обӣ ки хӯрда ем

Аз як нигоҳ гарм шавем оташу сапанд

Ҳар чанд тухми сӯхта дар хок мурда ем

Аз орзӯии мива фирдавс фориғем

Дандони сабр бар ҷигари худ фишурда ем

Маҷнӯн ба реги бодияи ғамҳои худ шимурд

Бо уқдаҳои дили ғами худ мо шимурда ем

Бигузар зи дастгирии мо эй сабуии хом

Мо илтиҷо ба пой хам менабарда ем

Ҳар нақши неку бад ки чу ойӣна дида ем

Соиби зи лавҳи хотири равшан ситурда ем