Аз оҳи доми мавҷ ба дарё фиканда ем
Аз ашки тухми лола ба саҳро фиканда ем
Як рӯз бо ҳубоб ба киштӣ нишаста ем
Ҳамроҳи мавҷи силсила бар по фиканда ем
Бар чеҳрае ки об шавад аз нигоҳи гарм
Ғифлати нигар ки тарҳ тамошо фиканда ем
Мо интизори шӯри қиёмат наме кашем
Сангӣ ба шишаи хона дилҳо фиканда ем
Кӣ ба шавад ба марҳами зангори осмон ?
Захмӣ ки мо ба дили з таманно фиканда ем
Тавфиқ аз рафоқати мо даст шаста аст
Имрӯзро , зи бас ки ба фардо фиканда ем
Ранги шикаста кам зи забон шикаста нест
Мо арзи ҳоли хеш ба симо фиканда ем
Имрӯзи решаи гул бехор гашта аст
Хорӣ ки мо ба чашм тамошо фиканда ем
Соиб ба давлати ду ҷаҳонӣ расида аст
Мо чун эй соя ба ҳар ҷо фиканда ем