Мо гул ба дасти худ з ниҳолӣ начида ем
Дар дасти дигарон гулӣ аз давр дида ем
Чун лолаи софу дарди сипеҳри ду ранг ро
Дар як пиёла карда ва бар сар кашида ем
Бо бахти тира аз ситам чарх фориғем
Дар дасти зангии оинаи занг дида ем
Навкисаи мусӣбат айём нестем
Чун субҳдами ҳазор гиребон дарида ем
Рӯй аз ғубори ҳодиса дар ҳам наме кашем
Мо нофи дил ба ҳалқаи мотам бурӣда ем
Дил нест уқдае ки кушояд ба зӯри фикр
Беҳудаи сар ба ҷайб таъаммул кашида ем
Имрӯз нест синаи мо доғдори ишқ
Чун лолаи мо зи субҳи азали доғ дида ем
Даври нишоти мо хами фитрок қотил аст
Мо моҳи идро ба рухи захм дида ем
Гули доми накҳат абасӣ мекунад ба хок
Мо буии перҳан ба такаллуф шунида ем
Ҷанги гурези шева мо нест чун шарор
Садбор чун насим бар оташ давида ем
Аз офтоби таҷрибаи санг об ме шавад
Мо ғофилони ҳамон самар норасида ем
Аз ҷавр рӯзгор надорем шиква Эй
Ин гургро ба қимат Юсуф харида ем
Соиби зи барги айш тиҳӣ нест ҷайби мо
Чун ғунча то ба кунҷи дили худ хазида ем