Куҷои назар ба гулу ёсуман буд моро ?

Ки хорхор , гули перҳан буд мо ро

Ба моҳи Мисри зи як перҳан музоиқа кард

Чаҳ чшмдошт дигар аз ватан буд мо ро

Ба хӯн нишаст ақиқ аз фурӯғи ориятӣ

Чаҳ дилхушии зи Суҳайли Яман буд моро ?

Бибин чаҳ содаи дил афтодаем бо ин бахт

Ки чашми оби зи чоҳи зқн буд мо ро

зи навбаҳори қаноат ба доғ ҳасрат кард

Ҳасад ба лолаи хунини кафан буд мо ро

Ба ҳар либос ки хоҳеми ҷилва гар гирдем

Наем сарв ки як перҳан буд мо ро

Чаро кунем таназзул ба осмони соиб ?

Чунин ки хома , савори сухан буд мо ро