Модомро зи донаи сайёд дида ем

Дар сулби байзаи ҷавҳари фӯлод дида ем

Куфрон неъматаст шикояти зи нестӣ

Онҳо ки мо зи олами эҷод дида ем

Хоҳад фитод домани зулфаш ба дасти мо

Ин фолро зи шонаи шамшод дида ем

Ҳаргиз набӯдааст ба ин рутбаи ҳасани хат

Мо сари басари қаламрави эҷод дида ем

Тифлон ба ошиёнаи мо роҳ барда анд

Дар байзаи мо шиканҷаи сайёд дида ем

Бар ҳосили ҳаёти худ афсӯс хӯрда ем

Ҳар хирманӣ ки даргузари бод дида ем

Он мурғ зиракем ки озодии ду кун

Дар сайд кардани дили сайёд дида ем

Соиб наме тавон лаби моро зи шикваи баст

Мо бедилони раияти бедод дида ем